Рубрики
Асосӣ

Ҳамоиши ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯз, дар толори Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал, дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ Раиси К      Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, мудири шуъбаи умумии КИВ ҲХДТ Фаррух Зоҳидов , аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонони аз хизмати Ватан-Модар баргашта, намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ, ширкат варзиданд.

Нахуст, меҳмонон аз маҳсули дастранҷи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз қабили дӯзандагӣ, шириниҳои миллӣ, кандакорӣ, бурёву сабатбофӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, дастоварду ихтироот ва ҷоизаҳои варзишгарон дидан намуда, барои рушди ҳунар ва лаёқатмандии ҷавонон баҳои баланд дода, барои беҳтар гардидани дониш ва рушди ҳунари ҷавонон маслиҳатҳои судманд доданд.

Баъд аз боздид, ҳамоиши ҷавонон бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, доир ба дастовардҳои ҷавонон дар 30-соли Истиқлолият, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушду камолоти ҷавонон суханронӣ намуд.

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Иттифоқи ҷавонон” ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки қарзи ҳар як ҷавонмард аст, андешаронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки барои пойдории сулҳу субот дар меҳан нақши муассир гузоранд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм низ баромад намуда, доир ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, самти фаъолияти он, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба рушди соҳаҳои дахлдор, гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар намуда, ҷавононе, ки хизматро бо сари баланд адо намуда, бо сару либоси ҳарбӣ бо як ҳисси баланди Ватандорӣ ба ҳамоиш ташриф оварданд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Инчунин, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Латифова Дилноза оиди мавзӯи “Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон”, сарбози қисми ҳарбии 01123-и Қушунҳои зудамали Вазорати мудоифаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Беҳрӯз атрофи мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” ва роҳбари гурурҳи “Пешсаф” Ҷурақулов Ҳасанбой баромад намуда, ҷавононро ба ватандӯстию посбонии марзу буми ватани аҷдодӣ даъват намуданд.

Баъдан, маросими савгандёдкунии 10- нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” шомил гардидаанд оғоз гардида, ба аъзоёни тозаинтихоб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10- нафар кормандони ҷавони ба сафи ҳизб қабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Солеҳбой Қобилов ба самъи ҳозирин расонида шуда, баъдан аз тарафи иштирокчиён якдилона қабул карда шуд.

Дар фарҷом санъаткорони ҷавони ноҳия бо сурудҳои дилнишин ба ҳамоиш ҳусни тоза зам намуда, суруди гурӯҳии “Тоҷикистон ба пеш” бо парафшонии парчаму кафкубиҳои иштирокдорон хотимабахши чорабинии тантанавӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *