Рубрики
Асосӣ

ҲАМОИШИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Конибодом дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, муовини раиси шаҳри Конибодом Ғафурзода Зарринахон ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ҳадафи чорабиниро арзёбӣ намуд ва оиди дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон ва дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон суханронӣ намуд.

Сипас, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад, фикру андешаҳои худро баён намуд.

Муовини раиси шаҳр Ғафурзода Зарринахон бобати шароиту имкониятҳои мусоид барои наврасону ҷавонон, оид ба бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар қалби ҳар як ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бояд ҳама вақт дар сафи пеш қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми ватани аҷдодии худ ҳиссагузор бошанд.

Инчунин, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб маърӯза намуданд. Ҳамчунин сабози қисми низомии 04080 Қодиров Муҳаммадӣ бо ифтихор аз муҳофизи Ватан будани хеш андеша ронда, ҷавононро ба ватандӯстию посбонии марзу буми ватани аҷдодӣ даъват намуд.

Баъдан, маросими ваъдаи тантанавии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳр доир гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” шомил гардидаанд шаҳодатномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҳизб қабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби узви курси захираи кадрии назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Баротов Ғафурҷон ба самъи ҳозирин расонида шуда, баъдан аз тарафи иштирокчиён қабул карда шуд.

Композитсияи адабӣ таҳти унвони “Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик” аз ҷониби ҷавонони фаъоли шаҳр қисмати фарҳангии чорабиниро оғоз бахшид. Сипас барои хубу хотирмон доир гардидани ҳамоиш аз тарафи санъаткорони ҷавони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Суруди ҷамъбастии “Ҳизби мост-ҳизби халқ” бо парафшонии парчаму кафкубиҳои иштирокдорон хотимабахши чорабинии тантанавӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *