Рубрики
Асосӣ

ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

 Дар асоси барқияи КИМ ХХДТ  аз 01.12.2022.№ 34 ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  вилояти Суғд  аз 01.12.2022.  № 75  Бо иштироки  раиси Кумитаи ичроияи Хизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар  вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Бустон Мавсума Муинӣ Муинзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон , Ҷалолзода Миршакар Саид  ба муносибати 28–солагии  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори  Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон  ҳамоиши маҷлиси тантанавии  ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарону фаъолони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти мақомтҳои қудратии шаҳр, собиқадорони ҳизбиву давлатӣ, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ аъзоёну фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон устодону донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.

 Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон , Ҷалолзода  Миршакар Саид ифтитоҳ бахшида нахуст суханро ба  раиси Кумитаи иҷроияи  Хизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон пешниҳод намуд. Номбурда аз нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа миёни сокинони кишварамон маҳбубияти зиёд пайдо намуд.

 Баъдан, раиси  шаҳри Бустон  Мавсума Муинӣ Муинзода  ба сухан баромада, оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва марҳилаҳои муҳими тайнамудаи ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ки дар рушду ташаккули минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши меҳварӣ дорад, ибрози андеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари ҷавони кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. Зикр гардид, ки дар тӯли 28 соли арзи ҳастӣ доштани ин нерӯи бузург бо ташаббуси аъзои фаъол, ҷонибдорон ва дигар соҳибкорону сокинони саховатманд, дар саросари кишварамон аз ҷумла Кумитаи ичроияи Хизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои бузурги ободонӣ анҷом дода шудааст.

       Дар идомаи чорабинӣ  бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Хизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи Иҷроияи Хизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон як қатор собиқадорону фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ва роҳбарони сохоторҳои қудратии шаҳр ки дар рушди босуботи мамлакат муаррифии шоистаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни ҷомеа саҳми босазо доранд, бо медали КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Сипоснома шаҳодатномаи ҳизбӣ, туҳфаи хотиравӣ   ва инчунин  ба  шунавандагони мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Бустон бо диплом   қадрдонӣ карда шуданд.

          Дар фарҷом аз ҷониби аҳли  фарҳанги шаҳр, дастагули шеъру тарона манзури иштирокдорони ҳамоиш гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *