Рубрики
Uncategorized

Ҳамоиши ҷавонон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони“ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ”

Санаи 12-уми ноябри соли 2021 дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Спитамен бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонон таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нумонзода ва роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов аъзоёни фаъоли ТҶҶ Созандагони Ватан дар ноҳияи Спитамен, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, сарбозон ва афсарони қисмҳои низомӣ иштирок намуданд. Сараввал меҳмонон бо дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Спитамен, намунаҳои ҳунарҳои миллии ҷавондухтарону ҷавонписарон маҳсули дасти онҳо, ихтироотҳои техникони ҷавон, аз маҳсули намунаҳои рассомони ҷавон, аз намоиши дастовардҳои иқтисодии аксияҳои бонкҳои “Амонатбонк”, “Имон интернейшнел”, “Арванд”, “Бонки Эсхата”, “Ҳумо” дидан намуда ба онҳо баҳои баланд доданд.Сипас қисми асосии чорабини бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам намуда, суханро ба Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон дод. Дар баромади хеш Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба зарурати таъсиёсбии ташкилоти ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамчун қаноти Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикситон ва фаъолияти пурсамари он дар 30-соли истиқлолияти давлати ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастгирии сиёсати ҷавонон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти дар замони муосир ва хатарҳои он гуфта гузаштанд. Сипас Раиси ноҳияи Спитамен муҳтарам Темурҷон Нумонзода оид ба дастовардҳои намоняндагии Ташкилоти ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар тули таъсисёбӣ ва эълон гардидани соли 2017 “Соли Ҷавонон” ҳамчун нишонаи ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли нисбат ба ин қишри ҷамеъа, ки ояндасози давлвту миллат мебошанд гуфта гузаштанд. Баъдан гирандаи стипендияи президентӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Дӯстмуродзода Нуринисо, ҷавони фаъоли ноҳия, ки хизмати Модар Ватанро сарбаландона адо намудааст Наимҷон Бобоҷонов, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” донишҷуйи курси II – уми ДДҲБСТ факултети “Сиёсатшиноси ва Муносибатҳои байналхалқӣ” Худойбердиев Диёрбек оид ба ғамхориҳои Ҳукумату давлат нисбати ҷавонон, буду боши ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ ва шароити муосид нисбати ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханрони намуданд.Сипас наваъзоёни ТҶҶ“Созандагони Ватан” баҳри шомил шудан ба сафи “Созандагони Ватан”савгандёд намуданд. Ба онҳо дар ваъзи тантанвӣ аз тарафи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода шаҳодатномаҳои ТҶҶ“Созандагони Ватан” супорида шуд. Дар чорабини ба 10-нафар наваъзоёни ҳизб низ шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд.Дар ҳамоиш Муроҷиатномаи иштирокчиён таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш !” аз ҷониби муовини ТҶҶ “Созандагони Ватан” Шукуров Амирҷон ноҳияи Спитамен ба саъми ҳозирин расонида шуда, муроҷиатнома аз тарафи ҷавонон якдилона қабул карда шуд.Қисми расмии чорабини бо садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид. Аз тарафи санаъткорони ҷавони ноҳияи чорабинии фарҳанги баҳри ҳозирин пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *