КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Дар арафаи соли нави милодӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба мактаб-интернати санатории №40 воқеъ дар шаҳри Конибодом омада ба тарбиятгирандагон мактаби мазкур тӯҳфаҳои соли навӣ тақдим намуд. Тарбиятгирандагон ва омӯзгорони ин мактаб миннатдории хешро ба Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуданд. Бояд зикр намуд, ки Мактаб-интернати санатории №40 воқеъ дар шаҳри Конибодом соли 1970 барои 250-нафар тарбиятгиранда таъсис ёфта буд. Имрӯзҳо дар мактаби мазкур духтарон ва писарон таҳсил намуда омӯзгорон дарс меомӯзонанд ва кормандони хоҷагӣ, тарбиятгирандагонро парасторӣ менамоянд.
Рубрики
БОДО МУБОРАК СОЛИ НАВ!
