Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҳамеша бо хислати нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда пайваста таъкид медоранд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии модару кӯдак” дар шаҳри Хуҷанд рафта аз ҳолу аҳволи тарбиятгирандагони муассиса хабардор шуд. Тарбиятгирандагони муассиса дар васфи Ватан, Наврӯз, Тоҷикистон шеъру тарона қироат намуданд. Аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба тарбиятгарони муассиса суманак ва шириниҳо тақдим карда шуд. Бояд қайд намуд, таоми Наврӯзӣ суманак бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд омада шуда инчунин ба собиқадорони ҲХДТ, бепарастону ятимон тақсим карда шуд.
Рубрики
ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…
