Рубрики
Uncategorized

ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД

Имрӯз номи Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон, вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода вирди забони хурду бузург аст. Тоҷикистон 110-умин зодрӯзи фарзанди фарзонаи худро таҷлил менамояд.

Ба хотири бузургдошти ин шоири бузург ва арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо дастури Кумҷроияи вилоятии ҳизб баргузории чорабиниҳои гуногунро тарҳрезӣ намудааст.

Тибқи ин тарҳ имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и шаҳр конфронси илмӣ- амалӣ бо иштироки омӯзгорону хонандагон баргузор шуд. Раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар сухани ифтитоҳӣ дар бораи ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода дар ҳаёти фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон нақл намуда, ӯро чун шоири бузург, арбоби шоистаи ҷамъиятӣ, вассофи сулҳу дӯстӣ муаррифӣ намуда, осори ӯро дархури муҳтавои сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид.

Ҳамоиш бо маърӯзаҳои устодон ва шогирдони таълимгоҳ дар мавзӯъҳои “ Ҳаёт ва фаъолияти адабии Мирзо Турсунзода”, “ Мирзо Турсунзода- вассофи сулҳу дӯстӣ”, “Мазмуну мундариҷаи достони “Чароғи абадӣ”-и Мирзо Турсунзода”, “Васфи зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода” ва қироати шеъру достонҳои шоир аз ҷониби хонандагон идома ёфт.

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроия чунин конфронс, нишасту ҳамоиш ва озмунҳои қироати шеъри Мирзо Турсунзода бо ҳамдастии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоту муассисаҳо идома хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *