Рубрики
Асосӣ

ҲАР ҲАРФУ ҲИҶОИ РӮЗНОМАНИГОР БОЯД СОЗАНДА БОШАД

Санаи 11-март Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар аҳли қаламу сухан ин рӯзро истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” пазируфта шудааст. Бахшида ин ба рӯзи таърихӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки беш аз 40-нафар рӯзноманигорон ва кормандони ВАО-и вилояти Суғд таҷлил карда шуд

Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аҳли қаламро бо “Рӯзи матбуоти тоҷик” табрику муборакбод намуд.

Мавсуф дар сухани хеш иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд.

Дар идомаи суханаш Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон қайд намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳ ва сифати пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, мазмун ва муҳтавои нашрияҳои даврӣ хеле беҳтар шуд. Мо аз ҳамкориҳои пайваста бо Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони вилоят ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ изҳори қаноатмандӣ мекунем. Мисоли барҷастаи гуфтаҳои болоӣ баргузории семинари дастурдиҳӣ барои раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ оид ба мавзӯи саводи расонаӣ ва кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ бо иштироки устод Илҳоми Ҷамолиён, дар сатҳи олӣ расонидани иттилои саривақтӣ оиди баргузории конфронсҳои ҷумҳуриявӣ тариқи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо”, барномаҳои – муштараки “Назаре ба оина”, “Тоҷикон”, “Амният ва ҷомеа” ва “Гулчини маънӣ” бо телевизиони вилояти Суғд, пахши хабару гузоришҳо аз рафти баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ аз ҷумла аксияҳо тариқи рӯзномаҳо, шабака, радио ва телевизионҳои маҳаллӣ ва радиои вилояти Суғд барои баланд гардидани нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеа мусоидат намуда истодааст. Мавсуф саҳми рӯзноманигоронро дар таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, бунёдкориву созандагӣ нек арзёбӣ намуд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён ва собиқадори матбуот Додохони Эгамзод аз нақш ва мақоми рӯзноманигор дар рушди ҳаёти ҷомеа сухан карда, баён доштанд, ки ҳар ҳарфу ҳиҷои қаламкаш бояд созанда бошад ва такя ба маводҳои муътамад эҷод намояд, то ба журналистикаи шаҳрвандӣ, ки имрӯз хеле паҳн гардидааст, намуна бошад. Таъкид гардид, ки масъулияти кормандони Васоити ахбори омма дар соли ҷашнии 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст. Зеро рисолати мо то ба мардум бурда расонидани арзишҳои ин санаҳои муқаддас аст.

Дар идомаи чорабинӣ рӯзноманигорон Илҳоми Ҷамолиён, Дадахони Эгамзод ва Исҳоқҷон Зокиров бо “Медали ҷашнӣ”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони ВАО бо туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *