Рубрики
Асосӣ

Ҳеҷ ганҷе беҳ аз истиқлол нест

Барномаи навбатии “Назаре ба оина”, ки бо ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд моҳе як маротиба пахш мегардад ба мавзӯи Истиқлоли миллӣ бахшида шуд.

Дар барнома назари коршиносон – Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, муовини раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова доир ба  муҳимияти соҳибистиқлолӣ ва мавқеъи занон дар замони истиқлолият шунида шуд. Ҳамчунин раисони кумиҷроияҳои шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода доир ба истиқлолият ва шинохти асолати миллӣ, раиси кумиҷроияи ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода оид ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ин давра,  раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Ашт  Хушнуд Каримзода   доир ба ободкорию созандагӣ дар 30 соли истиқлоли миллӣ, раиси кумиҷроияи ноҳияи Мастсчоҳ Дилшод Зокиров  оид ба ифтихор ва ҳуввияти миллӣ, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Фирдавс Саидзода аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат ба ҷавонон, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб аз озодии сухан ва рушди ВАО дар кишар ибрози андеша намуданд.

Дар баромадҳои дигар иштирокдорон зикр шуд, ки истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ устуворона қадам мезанад. Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *