Рубрики
Асосӣ

ҲИЗБИЁНИ ВИЛОЯТ ДАР БАРНОМАИ “НАЗАРЕ БА ОИНА”

Дар телевизиони вилояти Суғд барномаи “Назаре ба оина” дар мавзӯи  ҳамоиши ҳизбиён, “Албом – эстафета” таҳти унвон “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳизбиёни вилоят, вакилон ва ҷавонон баргузор гардид. Иштирокчиён доири ҳадафи ҳамоиши “Албом – эстафета” ва нақши иҷлосия дар таҳкими давлатдории навин фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода доири ҳадафи ҳамоиш сухан ронда, қайд кард:

– Чорабинии мазкур маҳз аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки оғозгоҳи роҳи босаодати миллат ҳисобида мешавад, бо фотеҳаи неки пири кор Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз Қасри таърихии Арбоб шурӯъ шуда, Албом баъди давр задан дар тамоми Ҷумҳурӣ ба осорхонаи Қасри таърихии Арбоб тақдим карда мешавад, ки оянда меҳмонони он аз меҳру муҳаббат, садоқат ва пайрави Пешвои миллат будани ҳизбиён ва насли ҷавони имрӯз огаҳӣ ёбанд.  Итминони комил дорем, ки Албоми мазкур башоратдиҳандаи сулҳу ваҳдати комили кишвар гардида, барои таҳкими дӯстии ҷавонони диёр нақши муассир мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки барои арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии КИМ ҲХДТ ва МИҲД-и вилояти Суғд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбии “Албом – эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар сатҳи хеле баланд баргузор гардиданд.

Баъдан вакилони Иҷлосия Муҳиддинов Ғаффорхон,  Тоҳиров Муродҷон, Азимов Ҳошим ва Тӯраев Қурбон доири чӣ гуна баргузор гардидани иҷлосия ва ба сари қудрат омадани Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

– Дар он рӯзҳои наҳс ба сухан гуфтан аз давлату давлатдорӣ, амну осоиштагӣ ҳеҷ имкон набуд. Шохаҳои давлат фалаҷ гардида, эътимоду бовари мардум нисбати роҳбарият коста шуда буд. Чанд тан аз вакилони мардумӣ дар саҳни ҳавлии бинои парлумон ба қатл расонида шуданд. Бояд қувваҳои солимфикр як ҷо бо вакилон сарҷамъ шуда, тақдири минбаъдаро ҳал мекарданд. Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар ҷануби кишвар бетартибию ҷангҳои хонумонсӯз идома меёфтанд. Ягона маконе, ки шояд аз лиҳози амнияти ҷони вакилон кафолатнок маҳсуб меёфт, маҳз минтақаи шимол буд. Азбаски дар иҷлосияи мазкур ба ҷуз вакилон, инчунин тарафдорони ду гурӯҳи ба ҳам муқобил иштирок мекарданд, ҷойи мувофиқ Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб ба вуқӯъ пайваст, қарорҳое, ки он қабул намуд, дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шудаанд ва ҳар дақиқаю соат ва моҳу сол, ки моро аз ин воқеаи сарнавиштсоз дур мебарад, аҳамияташон бештар ва арзишашон болотар мешавад. Барои мо, вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни ин ҷаласаи таърихӣ қарор доштем, он рӯзҳо нотакрору бебозгаштанд, бештару беҳтар аҳамият касб мекунанд, – зикр намуд вакили иҷлосия Муҳиддинов Ғаффорхон.

Тавре  қайд кардем, аксияи “Албом – эстафета” дар 18 шаҳру навоҳии вилоят гузаронида шуд. Дар ин Албом лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти осоиштаи сокинони имрӯзаи Тоҷикистон, раванди созандагиву ободкориҳо ва аксҳои чорабиниҳои гуногунмазмуну судманд  ҷамъоварӣ карда мешаванд. Раиси ноҳияи Зафаробод Тӯйғун Шарифзода таассуроти худро чунин баён намуд:

– Мардуми сарбаланди ноҳияи Зафаробод низ  ин аксияро бо як рӯҳияи хурсандиву хуррамї аз саодати имрӯза доир карданд. Ҳангоми супоридани Албом ба ноҳияи Деваштич меҳру садоқат, муҳаббату самимият ва эътиқоду вафодории худро низ эҳдо намуданд. Бовар дорам, ки ин ҳамоиш барои боз ҳам хубтару беҳтар дарк кардани ин санаи тақдирсоз мусоидат хоҳад кард ва ин албом як хазинаи хубе хоҳад шуд барои наслҳои оянда.

Инчунин, ҷавонон таассуроти худро доири баргузор шудани ин гуна ҳамоиш баён намуданд. Таърихи начандон дури кишвар собитгари он аст, ки дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи як шахсияти мондагор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар такя ба нерӯи бузургу хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ созанд. Аксияи ҷумҳуриявии “Албом – эстафета” таҳти  унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хидматҳои мондагори ин сиёсатмадори арсаи таърих бахшида мешавад.

Дар охир сарояндагон Ғолибҷон Юсупов, Туйғун Тоҷибоев ва Фатњиддин Юсуфї бо сурудҳои дилангез табъи иштирокчиёнро шод намуданд.

Мадина ЗОИДОВА,

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *