Рубрики
Uncategorized

ҲИЗБИЁН ДАР МАҶМААИ «ДУОИ МОДАР»

Дар арафаи чорабиниҳои идона бахшида ба “Рӯзи модар” ҳизбиён аз маҷмааи “Дуои модар” дидан намуда гулчанбар гузоштанд.Муҷассама бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба модари тоҷик бунёд шуда, аввалин муҷассамаи азим дар ин намуд аст. Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро буда, баландиаш 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад.Маҷмааи “Дуои модар” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябри соли равон ифтитоҳ гардидааст. Ҳизбиён аз маҷмаа боздид намуда, дар пояи он акси хотиравӣ гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *