Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ин замина ободу зебо гардонидани гулгаштҳо, боғу хиёбонҳо, корхонаву коргоҳҳо ва гирду атрофи шаҳру ноҳияҳои вилоят субҳи имрӯз дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд шанбегии дастаҷамъона бо иштироки кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандон гирду атроф ва кучаву бинои кумиҷроияро аз партовҳо тоза намуданд.
Лозим ба қайд аст, ки иқдоми мазкур дар ҳамаи кумиҷроияҳои иҷроияи ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумиҷроияи вилоятӣ фаъолона иштирок намуданд.