Рубрики
Uncategorized

Ҳизбиён шаҳраки бостонии Саразмро тамошо карданд

    Дар идомаи баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд оғоз гардид, ҳизбиён аз шаҳраки бостонии Саразм дидан намуданд.

Саразм яке аз ёдгориҳои куҳани миллати тоҷик ба шумор рафта, таърихи беш аз 5500-сола дорад. Маънии ин ҷойноми таърихӣ “сари замин” ё “сарзамин”-ро ифода менамояд, ки далели қотеи таърихи пурифтихору деринаи халқи тоҷик аст.       

    Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардида буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2003 ва 2005 ба ин мавзеъ омада, бо вазъи он шинос шуданд ва дар хусуси ҳифзу омӯзиши Саразм вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар натиҷа, тайи солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти он болопӯш ва атрофи ёдгорӣ бо панҷара иҳота шуд.

   Шаҳри бостонии Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардид.

Хотиррасон мекунем, ки ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва “Чакан, санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” намунаҳои барҷастае аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик ба шумор мераванд, инчунин дар ин феҳрист ворид мебошанд.

    Тавре Пешвои миллат зикр мекунанд, дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, омӯзиши амиқи таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои тарбияи таҳаммулпазирӣ мебошад. Таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагони мо, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа аст.

Зимни боздид аз тарафи номзади илми таърих, ходими калони илмии муассиса Абдурауф Раззоқ иттилоъ дода шуд, ки Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум – сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дар бар мегирад. Таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди ниҳоят муҳимми таърихӣ – ташаккулёбии истеҳсолот, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳамин давра оғоз мегардад. Дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулоса расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад. Ин нуктаҳо дар суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат аснои таҷлили 5500-солагии ин шаҳри қадима 12 сентябри соли 2020 низ садо доданд.

Бояд гуфт, ки ҲХДТ ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадима, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамеша арҷ гузошта, ҷиҳати истифодаи имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи рукнҳои дигари демократӣ корҳои таблиғотиро амалӣ мегардонад.

   Курси омӯзишии ҳизбиён бомаром ҷараён дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *