Рубрики
Uncategorized

Ҳимояи марзу буми Ватан-модар

       Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот, мудири бахши занон ва ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо аъзоёни ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан”бахшида ба рӯзи таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ доир намуданд. 

       Зимни вохӯрӣ доираи дастовардҳои даврони истиқлолият, таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан-модар ибрози сухан намуданд. Қайд гардид, ки вазифаҳои муҳими ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзу ҳимоя намудани марзу буми Ватан аст. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Ҷавонон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд.  Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *