Рубрики
Асосӣ

ҲУНАР ВА ҲУНАРМАНДӢ ПОЯНДАГИСТ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Мо бо Шумоем”, ки бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд доир гардид, ду нафар навраси соҳибистеъдод аз вилояти Суғд Ҳасанов Шерзод аз шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ ба гирифтани мақоми аввал ва Муҳаммадқобил Имомов аз шаҳри Панҷакент дар номинатсияи маҳорати суханварӣ ва қироати шеър сазовори ҷои сеюм гардид.

Субҳи рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар ғолиб Ҳасанов Шерзод  ва сармутухассиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Икромов Зоҳирҷон, директори комплекси – мактаби кӯдакистони махсус барои бачагони қувваи босирашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд Саидова Мусабехонро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ  дастоварди шоёни Ҳасанов Шерозро аз таваҷҷуҳу ғамхории рӯзафзуни Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша пуштибони кӯдакону наврасон, хосса соҳибистеъдодон аст.

Мавсуф ба волидон ва устодони Ҳасанов Шероз барои тарбияи дуруст, рушду такомули ҳунари ин навраси соҳибзавқ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар ҷодаи санъат барору комёбиҳо таманно намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *