Рубрики
Асосӣ

Ҷаббор Расулов:Ҷавонон ояндаи миллат

                                         Андеша:

Миллати тоҷик сабақҳои ҷанги шаҳривандии солҳои наваддумро фаромӯш накардааст.  Аллакай сабабгори ин  бесарусамониҳо аниқу дақиқ муайян мебошад. Кӣ дӯсту кӣ душман  аст мо медонем. Лекин душмонони миллат  такрор  ва такрор он рӯзҳои сахтро боз ба сари халқи тоҷик бабор оварданӣ мешаванд. Ҳамагон  медонанд, ки имрӯзҳо вазъияти ҷаҳон нотинҷ, зудтаъғирёбанда ва пешгуинашаванда  қарор  дорад.  Мардум  аз  он огоҳ  мебошанд, ки  дар он давлатҳое, ки нооромиҳо ҳукмдор аст чӣ гуна  оқибатҳои ногуворро ба вуҷуд овардааст. Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки ин рӯзҳои сахт бори дигар ба сари мардуми тоҷик ояд, ба ин мо роҳ намедиҳем .

Намегузорем, ки ҷавонони ояндасози мо ба равияҳои ифротӣ шомил шаванд. Марзу буми ватани азизамонро  ҳифз карда метавонем.  Ояндаи миллату давлат – ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия мекунем. Ба ҳаргуна суханҳои бардурӯғу фитнаангези гурӯҳҳои хоини давлату миллат гирифтор намешавем. Итминони  комил  дорам, ки  мардуми  меҳнатдӯсту шарафманди тоҷик зери сиёсати  инсондӯстона  ва ободкоронаи  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳама гуна мушкилотҳои  зиндагиро бо сари баланд паси сар намуда,  дар роҳи таъмини зиндагии  шоистаи мардум, зери  парчами  Ваҳдати  миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ  садсолаҳо  зиндагии  осоишта ва меҳнати пурсамар менамоянд.

У. Эргашалиева , корманди  КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *