Рубрики
Асосӣ Мақола

ҶАББОР РАСУЛОВ: АНДЕША: ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғи динию дунявӣ ба худ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосии ин гурӯҳҳои ифротӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, мақсади он содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни наклиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

    Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

   Моро зарур аст, ки пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, манфиатҳои миллат ва давлатро дар мадди аввал гузорем, ҳамеша ҳушёру зийрак ва ватандӯст бошем.

Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

    Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *