Санаи 16 феврали соли 2022 дар тарабхонаи “Иноят” дар асоси нақша – чорабинии муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ” ба истиқболи 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфил намоянда аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов О.А котиби озоди Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азам Ҳотамӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Тошпӯлотова Назира, муовини озоди Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Раҳматуллоев Садриддин, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдусаминов Абдуҳаким, намояндаи қисми нозомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Алишер Сафарманд, иштирокчиёни ҳимояи сохти конститутсионӣ, фаъолон ва собиқадорони ҲХДТ, падару модарони сарбозон, бонувони фаъол, имомхатибон, сарбозон ва раисони кумитаҳои маҳалла, омӯзгорону кормандони соҳаи тиб ҳузур доштанд.
Дар маърӯзаҳо қайд гардид, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсис дода шуда, дар он ҷавонони банангу ор, иродаи қавию устувордошта ва ҷавонони ватандӯсту обутобёфта хизмат намуда истодаанд.
Инчунин, баромадкунандагон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, сатҳу сифати хизмат ва имконияту шароитҳои мусоиди зисти сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар, тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси ватндӯстӣ дар ниҳоди онҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва дигар масоили муҳими рӯз изҳори назар карданд. Дар маҳфил дар маҷмӯ 8 баромад шунида шуд.
Инчунин, ду нафар сарбози қаторӣ оид ба сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми шароити хизмат дар Артиши Миллӣ андешаҳои худро баён карданд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам тамоми меҳмонону иштирокдорони маҳфилро ба 29-умин солгарди Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Дар охир ба якчанд нафар фаъолон тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми маҳфил барои болидахотирии иштирокчиён аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи дилнишини фарҳангӣ намоиш дода шуд.