Санаи 4 майи соли 2022 тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба муносибати 77- солагии Ғалаба дар ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар МТМУ №9 воқеъ дар Чамоати деҳоти Гулхона мудири шуъбаи кор бо занон Комилова Д ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Ҷ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Баромадкунандагон ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо иди Ғалаба самимона табрик намуда таъкид намуданд, ки «Ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра, аз ҷумла мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9-уми майро ҳамчун санаи таҷлили корнамоии мардонаи далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.»