Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ БАХТОВАРИ ҶАМОАТ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ

          Санаи 7-феврали соли 2023 дар деҳаи Бахтовари Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи кории ноҳия бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоту вохӯрӣ бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» дар байни ҷомеъа гузаронида шуд.

 Мақсад ва мароми вохӯрии мазкур ба мардум дуруст ва воқебинонаи шарҳ додани таҷлили 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии вайроншавӣ оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯровари дар оила, ҳурмату эҳтироми фарзандон нисбат ба падару-модар, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстермизм ва тероризм, пешгирии таълими ғайри қонунии динӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани маъсулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар маҷму оид ба масъалаҳои мазкур мулоқоти баргузоргардида  62 нафар сокинони деҳаи Бахтовар иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *