Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: Вусъатёбии корҳои тарғиботӣ

Мудири шуъбаи ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод санаи 9 июли соли 2021 тибқи иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 29.06.2021 таҳти №58 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус – КОВИД-19 дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо раисони маҳаллаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, занону ва ҷавонони фаъоли ҳизб вохӯрӣ доир намуда, дар бораи шиддат гирифтани штамҳои гуногуни КОВИД-19 ва барои пешгирии сироятёбӣ пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ суханронӣ намуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар рӯзҳои охир ҳарорати ҳаво хеле боло рафтааст, бинобар ин ба шахсони синнашон аз шаст боло, шахсони касалии қанд дошта, шахсони фарбеҳ тавсия дода мешавад, ки то қадри имкон аз хона берун набароянд ва худро эҳтиёт намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *