Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси нақшаи чорабинии ТИ «Фарҳанг» ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» маҳфили адабӣ бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии шоири забардасти халқи тоҷик Лоиқ Шералӣ дар мавзӯи “Гиромидошти бузургон” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин маҳфил кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ТИ ҲХДТ «Фарҳанг» Фатҳиддин Юсуфӣ, аъзоёни фаъоли ҳизб, хонандагони Гимназияи №1, китобхонҳои фаъол иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲҲДТ дар ноҳия Алимова Наргиза баромад намуда ба намоиши иштирокчиён вобаста ба мавзуъ арзи сипос кард ва ҳамаи ҷавонони Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда ба онҳо дар забти қуллаҳои баланди дониш муваффақиятҳо орзу намуд. Маҳфил дар як фазои ором таъсирбахшу хотирмон гузашта, дар фарҷоми чорабинӣ ба хонандагони фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд
Рубрики
ҶАББОР РАСУЛОВ: ГИРОМИДОШТИ БУЗУРГОН
