Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Зан, Модар ҳастии – зиндагӣ

Баҳри иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 15 феврали соли 2022 таҳти №14 ва нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар дар тарабхонаи “Раҳимӣ” конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Зан ва сиёсат” баргузор гардид.

Дар конфронс раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Одилзода, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Барно Рӯхибоева, собиқадорони ҲХДТ, бонувони фаъол раисони кумитаҳои маҳаллаи ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия ҳузур доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Одилзода дар баромади худ иброз намуд, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд.

Инчунин, аз рӯйи барнома дар мавзӯъҳои, “Зан ва сиёсат”, “ҲХДТ ва нақши занону бонувон дар татбиқи ғояҳои он” ва “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои бонувон” баромадҳои пурмуҳтаво шунида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби хонандагон шеъру суруд дар васфи модар қироат карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *