Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Корҳои тарғиботӣ дар деҳаи Ғӯлакандоз

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи МИҲД-и ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳия аз ҷониби масъулини ҲХДТ ва гурӯҳи тарғиботчиёни аз ҷониби МИҲД-и ноҳия бо сарварии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам ва раисони маҳаллаҳои деҳаи Ғӯлакандоз дар маҳаллаи Навоӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» баргузор гардид. Масъулини ҳизб ва гурӯҳи тарғиботчиён корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба дастуру супоришҳои ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи самаранок аз заминҳои корам, фарҳанги дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии касалии сироятии «COVID-19», сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан намуданд.

Корҳои тарғиботӣ дар ин самт дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов бо вусъат идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *