Санаи 10 феврали соли 2022 дар асоси нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев С., мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Ҷ. ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав Солиев Б. дар деҳаҳои Наврӯз ва Кавсар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии паҳншавии касалии сироятии «COVID-19», таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» ба роҳ монданд.
Корҳои тарғиботӣ дар ин самт дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо вусъат идома доранд.