Рубрики
Асосӣ Мақола

Ҷаббор Расулов: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ТИ ҲХДТ «КАТС»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Тибқи ҷадвали баргузории  маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ, санаи 3-уми июни соли 2022  дар ташкилоти ибтидоии «КАТС»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис 5 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла:

1. Ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “КАТС” аз 1-уми июни соли 2021 то 1-уми июни соли 2022.

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти ТИ ҲХДТ “КАТС” дар нимсолаи дуюми соли 2022.

3. Интихоби Раиси ташкилоти ибтидоии “КАТС”

4. Интихоби вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов.

5. Супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзоёни нав ба сафи ҳизб қабулшуда.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Валиматова Муҳайё аз натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то 01-уми   июни соли 2022  ҳисобот дод

Баъдан аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Ҳ. Почохуҷаев ва М. Ахмадқулова  ба музокира баромаданд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба бурду бохти ТИ “КАТС” дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳои минбаъдаи ҳар як аъзои ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома нақшаи ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи сеюми маҷлис-интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва Валиматова Муҳайё аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ “КАТС” интихоб гардид.

Баъдан ба аъзоёни нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ,  ба аъзоёни фаъол сипосномаҳои КИ ҲХДТ ва тӯҳфаҳои ташкилоти ибтидоӣ супорида шудаанд.

Баъди  хамин маҷлиси хисоботӣ-интихоботии ТИ “КАТС” ба кори худ хотима бахшид.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *