Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Маҷлиси ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид

Санаи 13 январи соли 2022 дар толори МИҲД-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2021 зери роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳмон Заррина Аҳадзода ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб баргузор гардид.

Инчунин дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, вакилони халқ, собиқадорон, занон ва ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Дар маҷлис панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1. Ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2021.

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022.

3. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Тасдиқи сметаи хароҷот ва воҳидҳои кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022.

5. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ оид ба қабули аъзоёни нави ҳизб

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2021 шунида шуд.

Аз рӯи масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022 ва нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаҳои чоруми рӯзномаи маҷлис сметаи хароҷот ва воҳидҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни маҷлис намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳмон Заррина Аҳадзода ва муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб ба сухан баромада аз дастовардҳои фаъолияти Кумиҷроия, инчунин оид ба пурзӯр намудани фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб дар байни мардум пешниҳодҳои зарурӣ доданд.

Дар охир ба ҷавонони ба сафи ҲХДТ аъзо шуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ, ба аъзоёни фаъоли ҳизб «Медалҳои ҷашнӣ» сипоснома ва ифтихорномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия, тӯҳфаҳои хотирмон ва ба хонандагони болаёқат идрорпулии КИ ҲХДТ дар ноҳия супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *