Рубрики
top pay day loan

ҶАББОР РАСУЛОВ: МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД»

Дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷавонон ояндаи миллатанд» бо иштироки донишҷӯёни КМО-и ноҳия ташкил ва баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲҲДТ дар ноҳия Алимова Наргиза ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия Худоёров Раҳматулло иштирок ва суханронӣ намуданд. Алимова Наргиза ба сухан баромада изҳор намуд, ки соҳаи маориф ва ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Шумо ҷавонону наврасон ояндаи миллату давлатед ва ободу зебо нигоҳ доштани сарзамини зебо ва пос доштани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар яки мост. Дар охир бо иштирокчиён суолу ҷавоби озод баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *