Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: ОИЛА БЕҲТАРИН МАКТАБ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН

Дар МТМУ №5 дар мавзӯи «Оила ва мақоми он дар тарбияи инсон» вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТдар ноҳияи Ҷаббор Расулов Диёра Комилова, мутахассиси бахши омор ва маҳзанӣ ягонаи электронӣ Шаҳзода Бобоева ва омӯзгорони муассиса  иштирок доштанд.

Баромадкунандагон дар суханронӣ худ зикр карданд, ки оила нахустин ҷоест, ки дар он тифл тасаввуроти дуруст ё нодурустро аз зиндагӣ пайдо мекунад. Эҳсоти қавӣ ё заифро ба даст меорад. Муҳаббати содиқонаи мо дар оғуш гирифтан ва навозиш кардан, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон зоҳир мегардад. Оилаи хуб беҳтарин мактабест, ки дар он мактаб лабханд, хушҳолӣ, худдорӣ, бурдборӣ, вазифашиносӣ ва ахлоқро меомӯзад ва инкишоф меёбад. Оила бояд, аз як тараф, маркази тандурустӣ, беҳдошти ҷисмонӣ, ақлӣ ва аз тарафи дигар маркази тарбияи ҷисм, рушди психологӣ ва аз тарафи сеюм, маркази омода кардани фард ба ҳаёти иҷтимоӣ бошад.

Дар охир ба аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *