Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: ТАРҒИБИ МУҲТАВОИ ПАЁМ ИДОМА ДОРАД.

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилова Диёра, Бобоева Шаҳзода ва Воҳидов Аҳрор барои тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар МТМУ №15 санаи 9 январи соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқшуда вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ масъулин дар бораи корҳои иҷрогардида дар ҷумҳурӣ дар солҳои гузашта, мақсад ва вазифаҳои ҳар як сокини кишвар, дигаргуниҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ суханронӣ намуданд ва иброз доштанд, ки Паём роҳнамоест барои ҳар як сокини Тоҷикистон дар муайянсозии ояндаи худ ва ҷомеа. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки мазмуну муҳтавои Паёмро дуруст дарк намуда, он дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат ба назди мо гузоштанд, бо масъулияти баланд ва саривақт иҷро намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *