Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ»

Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷавббор Расулов дар Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» баргузор намуда таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз лаҳзаи пайдоиш ҳамеша барои пешбурди Тоҷикистон тамоми нерӯъ ва тавоноиашро сарф намуда истодааст. Пешравии Тоҷикистонро бошад бидуни Истиқлолият тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин тамоми хадаф ва мақсадҳои ҲХДТ барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ равона карда шуда, дар ин самт тамоми чораҳои зарурӣ бо сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 27 соли мавҷудияти ҲХДТ андешида шудаанд ва шуда истодаанд. Яъне дар пойдорӣ ва дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҲХДТ хеле барҷаста мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *