Рубрики
Асосӣ

Ҷаббор Расулов: Хониши сиёсӣ дар МТМУ №20

Санаи 31-октябри соли 2022 тибқи нақша – чорабиниҳои Қумитаи  иҷрояи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хониши сиёсӣ  дар МТМУ №20  дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон “ баргузор гардид.

 Дар хониши сиёсии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддин Раҳматуллоев, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии муассиса Марҳабо Миродилова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбияи муассиса Муноҷот Дадабоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддин Раҳматуллоев таъкид намуд , ки  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи навинро боз намуд. 16-ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад.

Мақсад ва баргузор гардидани хониши сиёсии мазкур, ин тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии шаҳрвандон ва бедор намудани зиракии сиёсии онҳо мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *