Барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.
Санаи 27 апрели соли 2022 мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии ҲХДТ-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Ахмедов Дониёр дар ТИ ҲХДТ «Гулшан» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз дар фазои тантанавӣ ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид. Масъули соҳа аъзоёни нави ба сафи ҳизб қабулшударо табрик намуда дар бораи вазифаҳои ҳар як аъзои ҳизб дар пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барои фаҳмонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода намудан аз заминҳои назиҳавлигӣ ва президентӣ, захираи маводҳои ғизои 2 сола, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандориву худшиносии миллӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм суханронӣ намуд.