Рубрики
Uncategorized

Ҷаббор Расулов: Ҷавонон ояндаи миллатанд!

Санаи 7 октябри соли 2021 тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов  роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Набиев Ш. ва мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Саматов И.   бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №27 оид ба масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрӣ баргузор намуданд.

Баромадкунандагон дар ҷараёни вохӯрӣ шароити хизмати ҳарбӣ, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Модар-Ватан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандориву худшиносии миллӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат, ки ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт ва саодати мардуми кишвар равона шудааст, омодагӣ ба мавсими зимистон ва пешгирии сироятшавӣ ба касалии COVID-19 суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *