Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад. Шарҳи воқеии ин ду санаи таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл бозгӯ кардаанд:
«Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем».
Барномаи навбатии “Назаре ба оина” – “Ҷавонони Ваҳдатсаро” номгузорӣ гардид. Дар барнома аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мудирони шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд. Мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев дар барномаи “Назаре ба оина” оид ба Ваҳдати миллӣ сухан намуда иброз дошт:- Мо имрӯз ҷавонон бо ифтихор сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро “МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ“ менамоем. Чун ҳамаи мо ҷавонон воқиф ҳастем 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад:- ин нуктаро мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилоот Ёсуман Аҳадова дар барнома иброз намуд.
Инчунин ҷавонони Ваҳдатсаро дар барнома дар васфи сулҳу Ваҳдат шеърҳо қироат намуда ваъда доданд, ки дар пайравии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Ватанро обод намуда баҳри Ватан софдилона хизмат мекунанд. Дар фарҷом ровии барнома Муҳаёхон Шарипова ба мардуми шарифи кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба қадри соҳибватанӣ ва озодӣ, ва аз ҳама муҳимаш сулҳу суботи ҷомеа ва давлат бирасанд.
Ёдрас мешавем, ки барномаи мазкур шоми 14-июни соли 2022 19:00 тариқи телевизиони вилояти Суғд намоиш дода мешавад.