Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 47 –и ҷамоати деҳоти Ёва бо ҷавонону наврасон мулоқот доир гардид, ки дар он оид ба ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии истифодаи нодурусти технологияи муосир ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиева Муяссар баромад намуд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Тадқиқоти сотсиологӣ дар солҳои охир нишон доданд, ки аз истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ҳисоби ҷавонон хеле зиёд ба назар мерасанд. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд тарзи дурусти истифодаи сомонаҳои интернетиро аз худ кунанд, то ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил нашаванд.