Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

“ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ”- баргузории мулоқоту вохӯри бо донишҷӯён

Санаи 14 майи соли 2024, дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни сокинон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ,  роҳ надодан ба тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоту вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор, ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, профессор Назира Ғаффорӣ, Шуҳрат корманди Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Ҷамамуродзода, муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муяссар Мавлонӣ ва мудири шуъбаи тарбияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳмудзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки яке аз мушкилоте, ки имрӯз аҳли ҷомеаи башариро фаро гирифтааст, ин зуҳури амалҳои номатлуб аз қабили, экстремизму терроризм аст, ки боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон хуб дар хотир дошта бошед, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлат буда, баръакс, мубориза бар ин амалҳои номатлуб ва хурофоту бегонапарастӣ  ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид доштанд: “… имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд”.

Бинобар он, насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерӯи демократии давлатро балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. Барои насли ҷавони имрӯз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳамагуна манфиатҳо боло бошад.

Лозим ба қайд аст, ки ин қабил мулоқоту вохӯриҳо дар тамоми муассисаҳои олии вилоят баргузор гардида истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *