Рубрики
Uncategorized

Ҷавонон-насли ояндасози миллат

Имрӯз гар ҷавонем дар орзуи фардо,

Имрӯзи мо ба номи фардо пур аз ҷавонист.

Бале, имрӯз ҷавонон ба ояндаи неки Ватан таҳкурсӣ мегузоранд, бо пиндору рафтор ва гуфтори нек, ки аз гузаштагони барӯмандамон ба мо мерос мондааст.

Воқеан, дар ҷомеае, ки пояҳои маънавиёт устувор аст, ҷавонон аз анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд мегарданд. Хоса, имрӯз, ки саду як манбаи иттилоот ба онҳо дастрас аст. Дар моварои ин иттилоот оё ҷавонони мо метавонанд истодагарӣ намоянд, сараро аз носара ҷудо созанд? Ин саволест, ки созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”- ро машғул медорад.

Дар ин самт мо бо ҷавонон зиёд кор мебарем, бо онҳо мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом медиҳем. Ҷавонони зиёдеро чун ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба чорабиниҳо, ҳамоишҳо ҷалб менамоем. Онҳо бо камоли майл дар ин корҳо иштирок меварзанд.

Баъзан меандешам, ки оё ин амри дилу нияти онҳо аст ва ё аз рӯи маҷбурият дар ин чорабиниҳо иштирок меварзанд? Ин пеш аз ҳама ба сатҳи омӯзишу парвариш ва маърифати онҳо вобаста аст. Агар мо, оила, мактаб, литсей, донишкадаю донишгоҳ тавониста бошем, ки қимату арзиши ватандӯстӣ, масъулият барои ояндаи ин ҷомеаро дар дили онҳо ҷой намоем, хуб аст, дар акси ҳол фиреби назаре беш нест.

Арафаи Рӯзи модарон мо хостем амалеро роҳандозӣ намоем. Субҳи барвақт ба бонувон- кормандони муассисаи манзили коммуналии шаҳр, ки ба тозаю тамиз кардани кӯчаҳои шаҳр мебароянд, аз номи Кумитаи иҷроияи ҳизб гулу тӯҳфаи идона тақдим намуда, онҳоро бо идашон табрик гӯем. Ба ихтиёриёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан” муроҷиат кардем. Гуфтем иштирок ихтиёрӣ аст, касеро маҷбур намекунем. Хушбахтона, соати 6-и субҳ ҳамаи онҳо ҷамъ омаданд, бонувони тозакорро табрик гуфтем, ба онҳо дастёрӣ кардем. Сарашон ба осмон расид аз ин табрикоту гулу тӯҳфаҳо.

Ба назарам иштироки ҷавонон дар чорабиниҳо ҳамин гуна донистаю огоҳона сурат гирад, хуб асту ба дилу нияти онҳо созгор.

Ҳоло дар бораи ба ақоиди гуногуни ифротӣ ва хурофотӣ гаравидани ҷавонон бисёр мегӯянд. Агар мо ҷавононро хуб тарбия намоем, фарқи сиёҳу сафедро ба онҳо фаҳмонем, кӯлвори онҳоро бо донишу маърифат пур кунем, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намераванд.

Ватан, забони модарӣ, ҳуввияти миллӣ, истиқлол арзишҳое ҳастанд, ки барои ҳар шахси худшинос арзиши баланд доранд ва мо талош мекунем ин арзишҳо барои наврасону ҷавонони мо низ азиз бошад.

Пешвои муаззами миллат аз ҷавонон ҳаминро мехоҳанд

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,

Ман нишони одамони бенишонам.

Ман ба ҳар як аскари азёдрафта,

Ёдгори бегазанди ҷовидонам.

Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавон!

Қобилҷон Ҷалолов,

мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *