Рубрики
Uncategorized

ҶАМЪБАСТИ МАРҲИЛАИ ДУВВУМИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”- ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Рушди футбол дар деҳаҳо барои солҳои 2021 – 2024” дар қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар мусобиқаи футболи хурд байни бозингарони ғайрикасбӣ барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ бо маром идома дода шуд.

Санаи 21 августи соли равон маросими ҷамъбасти даври дуввуми мусобиқаи варзишии Ҷумҳуриявӣ оид ба намуди футболи хурд, миёни дастаҳои футболи ғайрикасбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Ҷавонон”-и ноҳия доир гардид, ки дар он, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилоромхон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Ибрози сухан карда шуд, ки варзиш гарави саломати буда, омили хуб барои муттаҳид намудани шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш дар байни ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ мебошад. Хотиррасон бояд намуд, ки даври аввали мусобиқаи мазкур аз моҳи июли соли 2021 шурӯъ гардида, дар он 115 даста бо фарогирии 1380 нафар варзишгар аз 12- ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.

Дар марҳилаи дуввуми мусобиқаи варзишии Ҷумҳуриявӣ оид ба намуди футболи хурд, миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ дастаи “Ғозиён” сазовори ҷойи якум ва “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҷойи дуввум ва сеюм дастаҳои “Исфисор” ва “Очиқалъача” сазовор гардиданд. Ба ғолибон аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тадқим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *