Рубрики
top pay day loan

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ НОҲИЯВӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд барои дарёфти ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни 11 дастаҳои ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд. Маросими ҷоизасупорӣ дар вазъияти тантанавӣ сурат гирифт ва дар ин мусобиқа дастаи ҷамоати деҳоти Ёва сазовори ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Дастаҳои ҷамоати деҳоти Хистеварз ва Овчиқалъача сазовори ҷойҳои дуюм ва савум гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *