Дар Кохи Лоиқ сухан аз шеъри шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ мерафт ва ашъори ноби ӯ садо медод. Бо ибтикори сарвар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Мавҷуда Собирова устодону донишҷӯён маҳфили шеъри устодро ба ифтихори 80- солагии шоир дар ин кохи зебо баргузор намуданд.
Аз саҳнаи толори кох донишҷӯён- кормандони тибби оянда, дар бораи рӯзгору осори устод Лоиқ сухан карда, шеърҳои ӯро қироат намуданд, ҳаваскорон бар матни ашъори устод суруд хонданд ва саҳнаҳои ҷолиб нишон доданд.
Дар ин маҳфил мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев дар бораи ҷойгоҳи устод дар назми форсизабонон, аҳамияти осори гароарзиши ӯ дар тарбияи худшиносии миллӣ сухан кард.