Рубрики
Uncategorized

ҶАҲОНСОЗУ ҶАҲОНОРОӢ ЗАН…

Дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зани тоҷик дар вазифаҳои роҳбариву пурмасъул фаъолият дорад. Бо шарофати сарвари давлат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Занону бонувони лаёқатманд соҳискасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давалат торафт зиёд гардида истодааст: Ин нуктаро муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,  Мадина Салимзода дар мизи мудаввар, ки дар ДДҲБСТ таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид иброз намуд.

     Дар миззи мудаввар, ки бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид, мудири шуъбаи занони КИМ ҲХДТ Гулнора Бобоева, бонувони барӯманди вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Ҳамро Атоева, Матлюба Муинова аъзоён ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

         Мудири шуъбаи занони КИМ ҲХДТ Гулнора Бобоева дар баромади хеш қайд намуд, ки дар давраи нави таърих низ садҳо бонувони матиниродаву ватандӯст, донишманду заковатпешаи тоҷик дар пешрафту гул-гулшукуфии хидмат намуда, шоистаи ибрати имрӯзиён гаштаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба нерӯву заковати занҳо такя намуда, татбиқи амалии барномаву ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баланд бардоштани мақому манзалати занро ҳадаф қарор доранд, дар фаъолияташ афзалият бахшид.

         Сипас Декани факултети сиёсатшиносӣ ва МБ-и ДДҲБСТ Мунира Акмолова ва ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ Мунзифа Пулотова роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба таври муфассал маърӯза намуданд.

Бонувони мӯътабарӣ вилояти Суғд  Назира Ғаффорӣ, Ҳамро Атоева, Матлюба Муинова оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолу озодӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии занону бонувон, пешоҳангии занону бонувон ба хотири шукуфоии Ватан сухан намуданд.

Дар фарҷом иштирокдорони миззи мудаввар бо тӯҳфаҳои ДДҲБСТ қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *