Санаи 6 июли соли 2021 тибқи иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 29 июни соли 2021 таҳти №58 ва фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 30 июни соли 2021 таҳти №37, бо мақсади иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ «Оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус – COVID-19» масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ва гурӯҳи тарғиботчиёни аз ҷониби МИҲД-и ноҳия тасдиқгардида дар деҳаҳои Зархез ва Бахтовари Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Ботирҷон, мудири бахши занони МИҲД-и ноҳия, намояндагон аз КАТС-и ноҳия, раисони маҳаллаҳои Ҷамоат корҳои тарғиботию ташвиқотиро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, истифодаи самаранок аз заминҳои корам, ташаккул додани фарҳанги дуруст истифода намудан аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии касалии сироятии «COVID-19», сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монданд.
Корҳои тарғиботӣ дар ин самт ҳамарӯза аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиён бо иштироки фаъоли ҳизбиён дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо вусъат идома доранд.