Рубрики
Uncategorized

Ҷ.РАСУЛОВ: Корҳои тарғиботӣ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод

Тибқи нақшаи тасдиқшуда гурӯҳи тарғиботчиён бо иштироки корманди масъули МИҲД-и ноҳия Тошпулотова Наргиза, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҷаматов Аскарали, намояндаи бахши тарғиби тарзи ҳаёти солим Назарова Азиза ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Узоқова Назокат оид ба пешгирии паҳншавии касалии сироятии COVID-19 дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба сомон расониданд. Масъулин бо истифода аз усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» бо мардум вохӯрда, афзалияти қабули ваксинаро фаҳмонида доданд. Ҳангоми сӯҳбат тарғиботчиён ба саволҳои гуногуни сокинон оид ба эмкунӣ посух гардонида, хоҳиш намуданд, ки мардум ба саломатии худ ва дигарон бефарқ набошанд, қоидаҳои гигиениро риоя намоянд ва ҳатман ваксина қабул кунанд. Зеро, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, барои  Тоҷикистон ва оилаи худ азиз аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *