Рубрики
Uncategorized

Ҷ.РАСУЛОВ: Корҳои тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

Намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, намояндаи САҲШ-и ноҳия, намояндаи БМН, намояндаи МДНСЭ бо сардории намояндаи МИҲД-и ноҳия Султонзода Бахтиёр дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» оид ба пешгирии касалии сироятии COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Тарғиботчиён ба ҷои истиқоматӣ, ба заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, мағозаҳо ва тарабхонаҳо рафта, ба мардум фаҳмониданд, ки ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки худро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, махсусан аз коронавирус эмин нигоҳ дорад. Зеро, ҷомеаи солим давлатро пуриқтидор ва умрашро дароз мегардонад. Бинобар ин роҳи аз ҳама хуби эмин шудан аз COVID-19 ин риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва қабул намудани ваксина мебошад. Он намегузорад инсон зуд ба ин касалӣ сироят ёбад. Дар ин ҷода, мо бояд шукрона намоем, ки Ҳукумату давлати мо ваксинаҳоро барои солимии мардум бепул (ройгон) тақсим намуда истодааст.Баъдан, тарғиботчиён ба маркази саломатии деҳаи Гулистон рафта, шоҳиди он гардиданд, ки сокинон аллакай ваксина қабул менамоянд ва дарк намудаанд, ки роҳи аз ҳама хуби пешгирии касалии сироятии COVID-19 ин гузаронидани эмкунӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *