Рубрики
Uncategorized

Ҷ.РАСУЛОВ: МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КОРИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

Санаи 13 июли соли 2021 дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳбари дастгоҳ – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Бахтиёр, аъзоёни Кумитаи иҷроия, вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзоёни фаъоли ҳизб, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам ифтитоҳ намуда хозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд ва аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома баромад намуда оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод.

Дар музокира Абдураҳмонов Абдурасул раиси Шурои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Алиева Ферӯза раиси ТИ «Ором» баромад карда, иброз намуданд, ки ташкилотҳои ибтидоӣ кори худро дар оянда низ ҷоннок намуда, баҳри амалисозии ҳадафҳои барномавию оинномавии ҳизб кӯшиш ба харҷ диҳанд. Семинарҳо, соатҳои сиёсӣ аз рӯи нақшаи тасдиқнамуда дар маҳалҳо баргузор карда шаванд.

Роҳбари дастгоҳ – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр баромад намуда ба масъулини соҳа баҳри пешбурди корҳо дар самти амалисозии қарорҳои  КИМ ҲХДТ ва КИВ ҲХДТ, алалхусус, дуруст ба роҳ мондани иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” дастуру супоришҳо дод.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Бахтиёр баромад намуда оид ба мунтазам баргузор намудани соатҳои сиёсӣ, ташкил намудани маркази таҳлили иттилоотӣ дар назди Кумитаи иҷроия тавсияҳо дод.

Инчунин тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва рафти қабули обуна ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” мавриди барраси қарор дода шуд. Оид ба масъалаҳои баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир ба ҷавонони ба сафи ҲХДТ аъзо шуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба аъзоёни фаъоли ҳизб “Сипоснома”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *