Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон мудири бахши занон ва ҷавонон Примқулова З.М ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Каримова Ш.Ҳ аз маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, ки дар ташкилоти ибтидоии “Ориёӣ” барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, таъсис ёфтааст, дидан намуданд. Ҳангоми боздид аз маркази мазкур маълум гардид, ки марказ ҳама намуд ҳунарҳои миллиро, ки маҳсули дасти ҳунармандони худи ноҳия мебошад, доро аст. Зимни мулоқот бо мудири марказ Бекбобоева М маълумот пайдо карда шуд, ки тамоми занон ва духтарони хонашину бекор метавонанд, дар давоми се моҳ ҳунарҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кешбофӣ ва чокдӯзиро омӯхта, соҳиби диплом гарданд. Ва боз таъкид гардид, ки дар оянда марказ васеътар гардида, омӯзонидани дигар намуд ҳунарҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Рубрики
ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР