Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Ҳамоиш таҳти унвони “Ҷавонон-созандагони имрӯзу фардои Ватан”

          Бо мақсади  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи ҷавонон   ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 23-юми май дар толори Литсейи кишоварзии саноатии касбии шаҳри Конибодом ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони “ҶАВОНОН-СОЗАНДАГОНИ ИМРУЗУ ФАРДОИ ВАТАН” бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ вакилон, фаъолони ҳизбӣ,сарбозони қисми низомии №04080-и шаҳр, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни ҷавони ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир ба  сухан баромада, оиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ғамхориҳои ҷавонон давлату ҳукумат нисбати ҷавонон, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон ва дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон суханронӣ намуд.

   Баъдан, 10 нафар аъзоёни фаъоли ҷавони Ҳизб аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Инчунин,  маросими ваъдаи тантанавии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИШ ҲХДТ шунида шуд ва дар вазъияти тантанавӣ 60 нафар ҷавонону наврасон ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” қабул гардиданд.

  Аз тарафи аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии  ҳизб Қодирова Мадина таронаи Ватан қироат гардид . Ҳамчунин сарбози қисми низомии 04080 бо ифтихор аз муҳофизи Ватан будани хеш андеша ронда, ҷавононро ба ватандӯстию посбонии марзу буми ватани аҷдодӣ даъват намуд.

Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби ҷавони фаъоли ТҶҶ “Созандагони Втан”-и назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Тураев Мухриддин ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Композитсияи адабӣ аз ҷониби ҷавонони фаъоли шаҳр қисмати фарҳангии чорабиниро ранги дигар бахшид. Сипас барои хубу хотирмон доир гардидани ҳамоиш аз тарафи санъаткорони ҷавони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангин намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *