Ватан модари ҷонпарвари ман аст ва хизмат ба он шарафи бузург мебошад. Аз ин рӯ ман бо амри дил соли 2020 ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор гардидам. Мисли дигар наваскарон моро ботантана гусел карданд, модар хоҳиш кард, ки порае аз нони хонагии пухтааш газида, насибаи худро дар хонадон нигоҳ дорам, падар дуои хайр дод, то ки дар ҳама ҳолат марди майдон бошам ва шарафу номуси гузаштагону ояндагонро ҳифз намоям.
Бо сари баланд ва хотири ҷамъ аз осмони сулҳу суботи Тоҷикистони азиз дар ноҳияи Восеъ, дар қисми сарҳадӣ ба хизмат оғоз намудам. Бо тезӣ бо ҳамхизматонам унс гирифтам, яке аз Ҳисор буду дигаре аз Кӯлоб, сеюмин аз Бадахшону дигаре аз Суғд. Вале мақсаду мароми ҳамаамон як – хизмати содиқона ба Ватани азиз буд. Ин мақсад моро бо ҳам муттаҳид менамуд ва ба сӯи комёбиҳои нав ба нав раҳнамун месохт.
Рӯзи қабули савганди ҳарбиро аз ёд намебарорам. Он рӯз бо ҷавонони қисми ҳарбӣ бо сари баланд савганд қабул намудем ва аз ин масъулияти мо хеле боло рафт. Он соатҳо қалби моро меҳри Ватан боз ҳам зиёда саршор гардид ва ба худ савганд ёд кардам, ки ҳамеша ба марзу буми Ватан содиқ мемонам.
Ба ман мегуфтанд, ки хизмати аскарӣ ин мактаби мардонагию далерист, инро ман бо чашмони худ дидам. Обутоби бадан, ки машғулияти ҳаррӯзаамон буд, ҷисму руҳи маро пурқувват гардонд, машғулиятҳои таълимӣ дониши сиёсии маро ғанӣ гардонид.
Дар ин ҷо ман бо қисмҳои яроқҳои ҳарбӣ, тарзи истифодаи онҳо шинос гаштам, донистам, ки имрӯз қисмҳои ҳарбӣ чӣ гуна техникаҳои ҷангӣ доранд.
Дар давоми ду соли хизмат, (соли 2022 онро ба итмом расонидам) ки дар ҳақиқат мактаби мардонагию ҷасорат буд, ман худро бакамолрасида, обутобёфта ҳис кардам.
Имрӯз ба ҷавонони диёрам бо дили пур мегӯям, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург буда, шуморо марди комил мегардонад. Ҳар яки Шумо, ҷавонон, аз ин мактаби бузурги сиёсӣ гузаред ва дар кӯраи он чун пӯлод сайқал ёбед. Касе ин мактабро мегузарад, фарзанди асили Ватан мегардад. Зеро Ватан – Модари мост, хизмати модарро мо накунем, кӣ мекунад? Аз имконияти бузурги хизмат ба Ватан истифода баред.
Шералӣ Озодиев-аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан