ИСТАРАВШАН: Бахши ҷавонон ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва эҳтироми байниҳамдигарии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва бо ин васила пешгирӣ намудани ҷавонон аз даст задан ба корҳои номатлуб, аз қабилӣ нашъамандӣ, шомил гаштан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии наврасон, ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи шашкаро баргузор намуд.
Дар ин мусобиқаи шаҳрӣ намояндаҳои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳти роҳбарии омӯзгоронашон ширкат варзида истодаанд.